Ссылки доступа

Дар Жанаозени Қазоқистон кормандони "Энергосервис" эътироз доранд


Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон ҳудуди 60 корманди ширкати "Энергосервис" зидди тасмими раҳбарият барои ихтисори чаҳоряки кормандон даст ба эътироз заданд.

Эътирозгарон беҳсозии шароити корӣ ва истеъфои раҳбари ширкатро талаб доранд. Дар бораи зарурати ихтисори 40 корманд дар санаде зери имзои иҷрокунандаи раиси ширкат Канат Конисбоев ва муовини шаҳрдори Жанаозен гуфта шудааст.

"Яон хел шароити корӣ мавҷуд нест. Дар як сол ду нафарро барқ зад. Изофапулӣ нест. Пасандози нафақа сурат намегирад. Аз ин рӯ, мо наметавонем қарз гирем. Ман ҳамагӣ 60 ҳазор танга (ҳудуди 144 доллар) маош мегирем, ки ба ҳеч чиз намерасад", - гуфт яке аз эътирозгарон бо номи Гулмира Саханиева.

Ба гуфтаи кормандони норозӣ, дар ширкат фасодкорӣ ва маҳалбозӣ мушоҳида мешавад. Кормандони дорои диплому 20 сол таҷрибаи корӣ ба корҳои баландтар интихоб намешаванд.

Дар ҳамин ҳол Конисбоев гуфт, ихтисори кормандон танҳо як нақшаи эҳтимолӣ буда, ҳоло тасдиқ нашудааст. "Ҳеч гуна ихтисоре сурат намегирад. Мо роҳҳои дигарро баррасӣ дорем. Шакли электронии санад паҳн шудд ва кормандон ҳангома бардоштанд", - афзуд ӯ.

Ширкати "Энергосервис" Жанаозенро бо барқ таъмин мекунад. Дар он 85 нафар кор мекунанд ва ягона манбаи даромади ширкат пули барқ аст, ки аз сокинон гирифта мешавад. Ба гуфтаи мудири ширкат, "Энергосервис" бо мушкили молӣ рӯбарӯ аст.

XS
SM
MD
LG