Ссылки доступа

Баъди "ошӯб"-и муҳоҷирон дар Русия 11 нафар боздошт шуд


Дар вилояти Амури Русия 11 "иштирокчии фаъол"-и ошӯб - корманди ширкати туркии "Ренесанс ҳиви индастриз" дастгир шуданд.

Идораи минтақавии тафтишотии Амур иттилоъ дода, ки боздоштшудагон бо гумони ташкили бетартибии оммавӣ айбдор мешаванд. Кормандони ширкати мазкур, ки асосан муҳоҷирони Ӯзбекистонанд, 13 июл даст ба эътироз зада, қисми пардохтнашудаи маошашонро талаб намуданд, ки барои патент ситонида шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир ду гумонбар бо қарори додгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, масъалаи ҳабси афроди боқӣ дар ҳоли баррасист. Ба гуфтаи мақомот, онҳо ҳамла ба бинои ширкат, мағоза ва фурӯшгоҳи телефон дар маҳалли сохтмонро ташкил кардаанд.

Даҳҳо муҳоҷири тоҷику узбек рӯзи 13-уми июл дар маҳалли сохтмони корхонаи коркарди газ дар вилояти Амури Русия "ошӯб" бардоштанд. Муҳоҷирон сабаби хашму эътирози худро ба кам пардохт шудани маош рабт доданд. Дар сохтмони корхонаи коркарди газ дар шаҳри Свободное дар вилояти Амури Русия беш аз 15 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди 4 ҳазор тоҷик кор мекунанд.

Густариши коронавирус ва карантини саросарӣ дар Русия зиндагии бе ин ҳам сахти муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро дар ин кишвар сахттар кард. Хонаводаҳое, ки аксарият барои таъмини зиндагӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омада, дар давраи пандемия дар хона банд монданд ё маоши кам гирифтанд, дар ҳолати ногувор қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG