Ссылки доступа

Бозии футбол дар Москва ба ҷонибдорӣ аз боздоштшудаҳои Хуросон (видео)


Ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик ба ҷонибдорӣ аз боздоштшудаҳои ноҳияи Хуросони Тоҷикистон дар шаҳри Москва флешмоб ё бозии футболеро ташкил карданд.

Чандин сокини Хуросон 17 май мақомоти кишварро ба беамалӣ ва кумак накардан дар бартарафсозии оқибатҳои сел айбдор карда, ба нишони эътироз роҳи Душанбе-Бохтарро бастанд.

Зидди шаш иштирокчии ин эътироз бо гумони ташкили ҳамоиши эътирозии бидуни иҷозат парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Тоҷикони муқими Москва ба хотири дастгирии боздоштшудаҳо бозии футбол баргузор карда, нимтанаҳоеро пӯшиданд, ки акси боздоштшудаҳоро доштанд.

Таджикистанцы играют в Москве в футбол, чтобы поддержать арестованных на родине
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:09 0:00

Ҳомии ҳуқуқ Иззат Амон мегӯяд, ин гуна муносибат ба одамоне, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидаанд, ноадолатӣ аст. Бинобар ин, ӯ тасмим гирифтааст, ба ҷонибдорӣ аз онҳо дар шаҳри Москва маъракаеро ба роҳ монад. Дар бозии футбол даҳҳо нафар иштирок ва боздоштшудаҳои Хуросонро дастгирӣ кардаанд.

"Аз омадани сел як ҳафта гузашт, вале касе аз намояндагони мақомот ба назди сокинон нарафт. Мардум бо талаби одӣ - "кумак кунед", ба кӯча баромаданд", - афзуд ӯ.

Ба назари ҳомии ҳуқуқи дигари тоҷик Бахтовар Ҷумаев низ, боз кардани парвандаи ҷиноӣ зидди сокинони Хуросон нодуруст аст. Ӯ изҳори умед кард, ки ҷомеа ба ноадолатие, ки ҳоло дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад, таваҷҷуҳ хоҳад кард.

"Онҳо ягон чизи ҷиддӣ нагуфтанд. Танҳо риояи ҳуқуқи худро талаб карданд ва хостанд садояшон шунида шавад", - изҳор дошт Ҷумаев.

"Говорят: закройте рот своим женам": в Таджикистане запугивают пострадавших от селя
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:30 0:00

Гирдиҳамоии сокинон, ки мақомот онро ғайриқонунӣ медонанд рӯзи 17-уми май соли ҷорӣ сар зад. Сокинон баъд аз вайрон шудани манзил ва заминҳояшон аз сел бо нишони эътироз аз бетаваҷҷуҳии мақомот роҳи Душанбе-Бохтарро бастанд.

Баъд аз ин эътироз мақомот ба сокинони селзада кӯмак карда, барояшон манзили нав бунёд карданд. Ҳарчанд сокинон мегӯянд, агар дар оғоз масъаларо ҷиддӣ матраҳ намекарданд ва аз бетаваҷҷуҳии мансабдорон эътироз наменамуданд, мумкин буд, бе замину хонаи нав мемонданд.

XS
SM
MD
LG