Ссылки доступа

"Илтиҳоби шуш" дар Туркманистон: "дар як рӯз ба ҳисоби миёна 50 кас мефавтад"


Ашхабад, 17 июля, 2020 

Дар шаҳри Ишқобод шумори онҳое афзоиш ёфта, ки бо нишонаҳои коронавирус ба бемористон муроҷиат мекунанд. Ташхиси ҳамаи онҳо "илтиҳоби шуш" гузошта мешавад.

Сокинони маҳаллӣ дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номашон иттилоъ доданд, ки рӯзона дар бемористонҳои пойтахти ин кишвар даҳҳо нафар ҷон медиҳад.

Як сокини Ишқобод гуфт, бемористони рақами 1-и пойтахт ҳоло пур аз бемор шуда, вазъ дар онҷо хеле нигаронкунанда аст.

"Дар онҷо танҳо мубталоён ба коронавирусро қабул мекунанд. Бемористон "лабрез" шудааст. Ба ҳамаи муроҷиаткунандагон ташхиси илтиҳоби шуш гузошта мешавад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, ҳама рӯза дар ин бемористон даҳҳо одам ҷон медиҳад. "Дар бахши терапияи интенсивӣ ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 50 кас мефавтад. Теъдоди фавту муроҷиаткунандаҳо одамро ба ҳайрат мегузорад. Кормандони бахши эҳёгарӣ ҳатто наметавонанд ҷасадҳоро сари вақт ба сардхона интиқол диҳанд", - мегӯяд сокини пойтахти Туркманистон.

Дар ҳамин ҳол хабар медиҳанд, дар беморхонаи "Роҳи оҳан"-и Ишқобод халтаҳои пластикӣ барои ҷасади онҳое, ки бар асари вирус фавтидаанд, намерасад. Зеро ниҳодҳои дахлдори давлатӣ сари вақт бемористонро бо халтаҳои мазкур наметавонанд таъмин кунанд.

Талошҳои мо барои дарёфти назари масъулони бемористонҳои рақами 1 ва "Роҳи оҳан"-и Ишқобод дар ин бора бенатиҷа буданд.

XS
SM
MD
LG