Ссылки доступа

Сокинони Тошканд, ки дар хона аз коронавирус табобат мегиранд, аз 21 июл доруи ройгон дарёфт мекунанд


Дар пойтахти Ӯзбекистон аз 21 июл ба бемороне, ки дар хона аз коронавирус табобат мегиранд, бастаи доруҳо ройгон тақсим карда мешавад.

Дар ин бора раиси Шӯрои ҳамоҳангсози назди Вазорати тандурустии Ӯзбекистон Ҳабибулло Оқилов 20 июл хабар дод.

Ба гуфтаи Оқилов, дар ҳоли ҳозир барои беморони Тошканд 5000 қуттии доруҳои лозимӣ омода карда шудааст

"Онҳоро аз пагоҳ ба сокинони Тошканд тақсим мекунанд", - афзуд ӯ.

Пештар хабар дода шуд, ӯзбекистониҳое, ки дар хона аз вирус табобат мешаванд, бар асоси қарори ҳукумат, як қатор доруҳи зиддивирусиро ройгон дарёфт мекунанд.

XS
SM
MD
LG