Ссылки доступа

Дар ғарби Украина 20 мусофири як автобусро гаравгон гирифтанд


Луцк

Дар шаҳри Лутски вилояти Ловин, дар ғарби Украина марди мусаллаҳе наздики 20 мусофири як автобусро гаравгон гирифтааст.

Дар ин бора пулиси Ловин иттилоъ дод.

Маъмурони пулис минтақаеро, ки автобус бо гаравгонҳо қарор доранд, иҳота кардаанд ва гуфтугӯ бо гаравгонгир идома дорад. Шахсияти ӯ муайян шуда, вале феълан ифшо намешавад. Бино ба хабарҳо, вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи "норозигияш аз низом" навиштааст.

Ба огаҳии пулис, гаравгонгир бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ буда, маводи тарканда низ дорад. Ҳангоми ғасби автобус садои чанд тир шунида шудааст, вале дар бораи осебдидаҳо то ҳол хабаре нест.

XS
SM
MD
LG