Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон нархи доруҳоро дар давраи коронавирус кӣ боло бурд? (видео)


В Таджикистане хотят наказать аптеки за рост цен во время эпидемии COVID-19
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:57 0:00

В Таджикистане хотят наказать аптеки за рост цен во время эпидемии COVID-19

Дар Тоҷикистон бар зидди садҳо доруфурӯш парвандаҳои маъмурӣ боз кардаанд.

Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки дар давраи сирояти коронавирус дар моҳҳои апрелу май нархи доруро боло бурдаанд. Вале худи доруфурӯшон мегӯянд, фақат онҳоро гунаҳкор кардан одилона нест, чун дору дар он замон дар ҳамаҷо гарон шуд.

Вазорати тандурустӣ охири моҳи апрел сирояти бемориро дар кишвар тасдиқ кард ва баъд аз ин нархи баъзе аз доруҳо ба таври чашмгир боло рафт. Арзиши бархе чунин доруҳо, ки сокинон онро маъмулан ҳангоми муолиҷаи зуком истифода мекарданд, чандин баробар афзуд. Вазъи ҳамсон дар Ӯзбекистону Қирғизистон ҳам мушоҳида шуд.

Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарие гуфт, дар давраи пандемияи коронавирус ба зидди садҳо нафар парвандаҳои маъмуриву ҷиноӣ боз шуд. Ӯ чунин намуна овард: “Барои мисол нархи як дору 70 сомонӣ буд то 600 -700 сомонӣ фурӯхтанд. Чунин ҳолатҳо аз ҷониби кормандони мо ошкор карда шуд. Нисбати 478 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 2190 парвандаҳои маъмурӣ ва 130 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд”.

Ҳилол Каримзода, соҳиби яке аз доруфурӯшиҳои Душанбе мегӯяд, чанд сол мешавад ба онҳое, ки тавони харидории доруро надоранд, доруҳоро ройгон медиҳад ва ба хотири ин ғамхорияш корҳои вай он қадар хуб пеш намераванд. Ба гуфтаи ӯ, дар гароншавии нархи доруҳо, ки дар давраи авҷи бемории коронавирус дар моҳи май мушоҳида шуд, доруфурӯшҳо айбдор нестанд. Нархи доруҳо чанд баробар нахуст дар анборҳои яклухтфурӯшӣ боло рафт. Худи доруҳо низ камёфт шуданд.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки нархи доруро дар аввали пайдошавии коронавирус на танҳо соҳибони анборҳои яклухтфурӯшӣ, балки истеҳсолгарон низ боло бурданд. Вале Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон тасмим гирифт, танҳо масъулони доруфурӯшиҳои чаканаро муҷозот кард.

Абдумаҷид Мӯъминзод, раиси хадамот рӯзи 15-уми июл дар нишасти хабарие дар Душанбе ниҳод гуфт, онҳо барои бесабаб гарон кардани доруҳо, бештар аз 50 доруфурӯширо бештар аз сад ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

XS
SM
MD
LG