Ссылки доступа

Сокинони Қарақалпоқистон дар эътироз ба қатъи об шоҳроҳро бастанд (видео)


Сокинони яке аз ноҳияҳои Қарақалпоқистон баъди қатъ шудани об ба нишони эътироз барои чанд соат шоҳроҳро бастанд.

Сокинони деҳаҳои "Абай", "Куполпо" ва "Олтинсой"-и ноҳияи Берунии Қарақалпоқистон 20 июл шоҳроҳи А-380-ро баъди он бастанд, ки интиқоли об ба зироатҳои сокинони одӣ қатъ шуд. Дар ҳоле ки ба киштзорҳои шолии раҳбари ноҳия "бетанаффус" ҷорӣ мешуд.

Эътирозгарон танҳо баъд аз гуфтугӯ бо раиси ноҳияи Берунӣ Отабек Сапарбоев шоҳроҳро дубора боз карданд.

"Раиси ноҳия обро ба киштзорҳои шолии худ интиқол дода, зироатҳои сокинони одиро беоб гузошт. Сокинон ба ҷуз бастани роҳ дигар чора надоштанд. Ба маҳалли эътироз беш аз 500 сокини деҳаҳои "Абай", "Куполпо" ва "Олтинсой" ҷамъ шуда буданд", - гуфт соҳибкори маҳаллӣ бо номи Қосимбой Ботиров.

Ба гуфтаи Ботиров, интиқоли об ба зироатҳои сокинони се деҳа баъди гуфтугӯ бо раиси ноҳия дубора аз сар гирифта шуд. Раиси ноҳияи Берунӣ тасдиқ кард, ки имсол дар ноҳияи зери раҳбарияш дар тақсимоти об мушкил пеш омадааст.

Ӯ иддаои сокинони Беруниро, ки хешонаш дар ин ноҳия беш аз ҳазор ҳектар шолӣ доранд, чунин шарҳ дод: "Ман худам сокини ноҳияи Берунӣ ҳастам. Дар ин ноҳия хешону шиносҳоям зиндагӣ мекунанд. Агар онҳо тасмим гирифтанду шолӣ кориданд, ман чи гуна ба онҳо гӯям, ки шумо ин корро накунед?! Ман раиси ноҳия ҳастам, инҷо кор мекунам. Дар давоми якуним сол барои тафтиш аз Тошканд ва Нукус омаданд, вале кори ғайриқонуниеро ошкор накарданд. Ман ба мардум хидмат дорам", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG