Ссылки доступа

Порлумони Миср ба мудохилаи эҳтимолии низомӣ дар Либия иҷозат дод


Президент Египта Абдель Фаттах ас-Сиси (справа) принимает в Каире министра обороны России Сергея Шойгу (третий слева). 12 ноября 2019 года

Пас аз ҳушдори президент Абдуфаттоҳ Сисӣ ба мудохилаи низомии Туркия дар Либия, порлумони Миср рӯзи душанбе ба иттифоқи оро, таҳти унвони "Дифоъ аз амнияти миллии Миср" фиристодани нерӯҳои низомӣ ба хориҷро иҷозат дод. Ин иқдом метавонад Миср ва Туркияро, ки ҳар ду аз муттаҳидони Амрико ҳастанд, дар Либия дар рӯёрӯӣ қарор диҳад.

Миср, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Фаронса ва Русия аз генерал Халифа Ҳафтар, ки дар шарқи Либия нерӯҳояшро ҷобаҷо кардааст, ҳимоят мекунанд ва Туркия, Қатар ва Италия аз "Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ" дар пойтахт Троблус пуштибонӣ мекунанд, ки аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид ҳимоят мешавад.

Нерӯҳои "Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ" моҳи гузашта бо ҳимояи Туркия тавонистанд ҳамлаҳои яксолаи нерӯҳои генерал Ҳафтарро, ки қасди тасарруфи пойтахтро дошт, поён диҳанд ва ба тарафи шаҳри стратегии ва нафтии Сирт ҳаракат кунанд.

Пас аз ин таҳаввул Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср ҳушдор дод, ки артиши Миср барои ҳифозат аз амнияти марзи ғарбии ин кишвар мумкин аст ночор ба мудохила шавад.

XS
SM
MD
LG