Ссылки доступа

Хонандаҳои Қазоқистон чаҳоряки аввали соли нави таҳсил ба мактаб намераванд


Хонандагони Қазоқистон ҳадди ақал як чаҳоряки соли нави хонишро ба таври фосилавӣ таҳсил хоҳанд кард.

Дар ин бора Асхат Аймагамбетов, вазири маориф ва илми Қазоқистон хабар дод. Ба гуфтаи вай, дар мавриди чаҳоряки дувум ҳанӯз қароре қабул нашудааст, аммо бо назардошти вазъи беҳдоштии кишвар дар оянда тасмим гирифта хоҳад шуд.

Вазири қазоқ гуфт, ин қарор истино низ дорад. Мактабҳое, ки хонандаи кам доранд, метавонанд, таҳсили оддӣ ба роҳ монанд. Мактабҳои деҳот низ дар мувофиқа бо волидон соҳиби ин имтиёз хоҳанд шуд.

Вазир гуфт, ба мактабҳо тавсия дода мешавад, ки аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ варзанд. Дар сурати беҳ шудани вазъи эпидемиологӣ мактбаҳо марҳила ба марҳила ба ҳолати оддӣ бар хоҳанд гашт.

Мактабҳои миёна ва олии Қазоқистон дар пайи густариши вируси корона аз моҳи март ба таҳсили фосилавӣ гузаштанд.

Дар ин муддат мушкилоти фаровоне сар зад, ки таҳсили фосилавиро дар он кишвар зери суол бурд. Аз ҷумла, дастрасӣ надоштани хонаводаҳои камбизоат ба интернет, набуди интернет дар минтақаҳои дурдаст, бетаҷрибагии омӯзгорон ба ин навъи таҳсил намунае аз мушкилоти таҳсили фосилавӣ дар Қазоқистон унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG