Ссылки доступа

Ӯзбекистону Чин воксини зидди COVID-19-ро озмоиш мекунанд


Мутахассисони Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо шарикони чиниашон мумкин аст, севумин ва охирин озмоиши воксини зидди коронавирусро ба роҳ монанд.

Дар ин бора расонаҳои Ӯзбекистон хабар доданд.

Сафири Ӯзбекистон дар Чин Бахтиёр Саидов ва раиси ширкати чинии Sinopharm Group Лю Тсзинчжэн имкони муборизаи муштараки ду кишварро зидди коронавирус баррасӣ карданд. Ҷониби Чин аз муваффақона анҷом шудани ду озмоиши воксини зидди коронавирус хабар дод, ки воксинҳои мазкурро ширкати Sinopharm Group сохтааст.

"Чанде пеш марҳилаи ниҳоии озмоиш миёни сокинони Чин шуруъ шуд. Роҳбари ширкати чинӣ пешниҳод кард, ки ҳамин навъи озмоиш дар Ӯзбекистон ҳам анҷом шавад", - гуфт сафири Ӯзбекистон дар Чин.

Ба навиштаи расонаҳо, озмоиш ҳамзамон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ анҷом мешавад.

XS
SM
MD
LG