Ссылки доступа

Трамп: коронавирус дар ИМА густардатар мешавад


Доналд Трамп, президенти ИМА ҳушдор дод, ки вазъи паҳншавии коронавирус дар Амрико бадтар хоҳад шуд.

Дар нахустин нишасти хабарии баъд аз моҳи апрел ба ин тараф Трамп аз пешравиҳо дар амри сохтани воксини зидди коронавирус ва аз усулҳои табобат хабар дод.

Президенти ИМА рӯзи 21 июл гуфт, ки бархе аз аёлат "худро хуб ҳис мекунанд". Вай ҳамзамон аз сокинон даъват кард, ки ниқоб пӯшанд. Ин дар ҳолест, ки Трамп пештар аз пӯшидани ниқоб худдорӣ меварзид ва ба дигарон ҳам тавсия намедод. Акнун вай мегӯяд, ниқоб дар пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус "таъсир мерасонад".

Дар як шабонарӯзи охир дар ИМА бештар аз 1000 кас аз вируси корона фавтид.

XS
SM
MD
LG