Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо гуфт, ба Тоҷикистон 112 миллион евро кӯмак мекунад


Кумиссиёни Аврупо эълон кард, ки барои мубориза бо коронавирус ва тақвияти арсаҳои тандурустӣ ва маориф ба Тоҷикистон бештар аз 112 миллион евро кӯмак мекунад.

Йута Урпилайнен, масъули ҳамкориҳои байналмилалии Иттиҳоди Аврупо дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки пандемияи коронавирус ҳамчунон ба кишварҳои шарики иттиҳодия, ба иқтисод ва мардумони он таъсири манфӣ мегузорад ва дар ин давраи мушкил Иттиҳодияи мардуми Тоҷикистонро танҳо намегузорад.

Ӯ гуфтааст: “Иттиҳоди Аврупо дар канори мардуми тоҷик аст ва бо 112 миллион евро ба Тоҷикистон кӯмак мекунад, бо хатари коронавирус муқобила кунад ва ба заруратҳои дарозмуддати тандурустӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ расидагӣ кунад. “

Ба гуфтаи намояндаи Иттиҳоди Аврупо бо кӯмаки мазкур ҳукумати Тоҷикистон метавонад, хадамоти тандурустиро тавсиа бахшида, беҳтар кунад ва ҷавонони тоҷик ҳам ба таҳсили хубтар дастрасӣ хоҳанд дошт.

Кӯмакҳо барои иҷрои се барнома “Рушди системаи сиҳатӣ” (52 миллион евро), Барномаи кӯмак ба маориф (50 миллион евро)” ва Барномаи сабти асноди шаҳрвандӣ (10 миллион евро) дода мешавад ва маҳз барои кам кардани оқибатҳои бади коронавирус барои вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон будааст.

Иттиҳоди Аврупо яке аз донор ва ё кӯмакрасонҳои Тоҷикистон аст ва то кунун барои мубориза бо СОVID-19 ба кишвар 13 тонна маводи тиббиву муҳофизатӣ фиристодааст.

XS
SM
MD
LG