Ссылки доступа

Тафтиши наворе шуруъ шуд, ки ба муҷозоти муҳоҷирзанони қирғиз даъват мекунад


Мақомоти қудратии Қирғизистон ба санҷиши наворе шуруъ карданд, ки ба муҷозоти муҳоҷирзанони қирғиз даъват мекунад.

Дар навор гуфта мешавад, ки муҳоҷирзанон ба хотири бо намояндагони миллатҳои дигар робита доштанашон муҷозот шаванд.

Дар ин бора аз вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 22 июл хабар доданд.

Рӯзи 21 июл дар Интернет наворе нашр гардид, ки дар он муҳоҷирони қирғиз дар Москва гирди ҳам омада, даъват мекунанд, дар сурати мушоҳида кардани мулоқоти занони қирғиз бо мардони миллатҳои дигар, муҳоҷирзанони қирғиз муҷозот шаванд.

Ҳомиёни ҳуқуқи қирғизистонӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани муҳоҷирони даъваткунандаро талаб доранд. Сафорати Қирғизистон дар Русия соли 2019 гуфта буд, ки шумори муҳоҷирони қирғиз дар он кишвар ба 1,2 млн наздик шудааст. Бисёре аз ин муҳоҷирон дар бахши хизматрасонӣ ва сохтмон фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG