Ссылки доступа

Дар Узбекистон ба зане, ки се тифл дар батн дошт, баъди таваллуд ду тифл доданд


Фарида Ғозиева, сокини 28-солаи вилояти Фарғонаи Узбекистон ҳангоми ҳомиладорӣ ба ташхис рафт ва дастгоҳи ташхис (УЗИ) обистани се тифл будани ӯро нишон дод.

Фарида рӯзи 4 июл бо роҳи ҷарроҳӣ таваллуд кард, аммо ба вай танҳо ду тифл доданд. Ба гуфтаи Фарида, пизишкон пинҳон мекунанд, ки як тифли вай ҳангоми зоймон фавтидааст. Аммо Мадҳия Суярқулова мегӯяд, дастгоҳи ташхис ба ғалат се тифл доштани Фаридаро нишон додааст ва ҳеч фарзанди вай ҳангоми зоймон нафавтидааст. Сокини вилояти Фарғона ҳангоми ҳомиладорӣ 21 маротиба ташхис гузашта ва ҳар бор ташхис нишон додааст, ки вай обистани се тифл аст.

"Як ҳамшира ба ман гуфт, ки ман дар воқеъ се кӯдак таваллуд кардам, аммо якеаш, ки писар буд, фавтид. Аз ҳамин хотир ман бовар дорам, ки пизишкон марги тифли севуми маро пинҳон мекунанд", - гуфт Фарида Ғозиева.

Ғозиева ба додситонии шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон шикоят бурда, пизишкони таваллудхона дар пинҳон кардани марги кӯдаки севумаш айбдор медонад.

То таваллуди тифлони охир, Фарида бо шавҳараш се кӯдаки дигар доштанд. Ҳамакнун шумори фарзандони ин хонавода ба 5 расид.

XS
SM
MD
LG