Ссылки доступа

ВКД Қирғизистон: муҳоҷирони ба "муҷозот"-и қирғиззанон даъваткарда узрхоҳӣ карданд


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон шахсияти афродеро шиносоӣ кард, ки ба "муҷозот"-и қирғиззанони бо мардони миллатҳои ғайр мулоқоткунанда даъват карда буданд.

ВКД мегӯяд, ин афрод зодагони вилояти Чуйи Қирғизистон ҳастанд, ки мутаносибан солҳои таваллудашон 1992 ва 1996 аст.

"Онҳо ба таври оммавӣ аз мардуми Қирғизистон барои суханҳои носанҷидаашон узрхоҳӣ кардан ва иштибоҳи худро дарк намуданд. Онҳо ба Маркази мубориза зидди тундгароии ВКД Русия дар шаҳри Москва даъват шуданд ва ба рафторашон баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад", - хабар доданд аз ВКД Қирғизистон.

Пештар аз ин мақомоти Қирғизистон ба санҷиши наворе шуруъ карданд, ки ба муҷозоти муҳоҷирзанони қирғиз даъват мекунад.

Дар навор гуфта мешавад, ки муҳоҷирзанон ба хотири бо намояндагони миллатҳои дигар робита доштанашон муҷозот шаванд.

Дар ин бора аз вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 22 июл хабар доданд.

Рӯзи 21 июл дар Интернет наворе нашр гардид, ки дар он муҳоҷирони қирғиз дар Москва гирди ҳам омада, даъват мекунанд, дар сурати мушоҳида кардани мулоқоти занони қирғиз бо мардони миллатҳои дигар, муҳоҷирзанони қирғиз муҷозот шаванд.

Ҳомиёни ҳуқуқи қирғизистонӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани муҳоҷирони даъваткунандаро талаб доранд. Сафорати Қирғизистон дар Русия соли 2019 гуфта буд, ки шумори муҳоҷирони қирғиз дар он кишвар ба 1,2 млн наздик шудааст. Бисёре аз ин муҳоҷирон дар бахши хизматрасонӣ ва сохтмон фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG