Ссылки доступа

Чин нахустин ҳайаташро барои омӯзиши сайёраи Миррих фиристод


Чин нахустин пойгоҳи худкори байнисайёравии "Тянвэн-1"-ро ба кайҳон партоб кард.


Ин пойгоҳ бояд 11 феврали соли 2021 ба сайёраи Миррих бирасад. Дар ин бора расонаҳои чинӣ хабар доданд.

Мушаки борбари "Чанчжэн-5" рӯзи 23 июл аз космодроми вилояти Хайнан партоб шуд. Баъди 36 дақиқаи парвоз мушак ба мадори мавриди назар расид.

Ҳадафи ин маъмурият ҷустуҷӯи ҳаёт дар Миррих, инчунин омӯзиши имкониятҳои зиндагӣ дар он сайёра аст. Дар сурати муваффақона пеш рафтани ҳайат, олимон имкон пайдо мекунанд, ки фазо, релеф ва дигар махсусиятҳои Миррихро омӯзанд. Омӯзиши Миррих - қисме аз тарҳи густардаи таҳқиқи Низоми шамсӣ аст, ки мақомоти Чин соли 2017 эълом карда буданд.

Партоби "Тянвэн-1" дар ҳафтаи ҷорӣ дувумин ҳайат ба сӯи Миррих аст. Рӯзи 20 июл Амороти Мутаҳҳидаи Арабӣ киштии кайҳонии худро сӯи Миррих фиристода буданд.

XS
SM
MD
LG