Ссылки доступа

Вазорати тандурустии Қирғизистон ивазшавии ҷасадҳои аз коронавирус фавтидаро месанҷад (видео)


Вазорати тандурустии Қирғизистон хабарҳо дар бораи ивазшавии ҷасади майитҳоеро месанҷад, ки аз коронавирус фавтидаанд.

Дар ин бора аз вазорати тандурустии он кишвар хабар доданд.

Пештар аз ин сокини шаҳри Бишкек Айдай Иргебоева гуфт, бар ивази ҷасади бобояш ба хонаводаи онҳо ҷасади каси дигарро додаанд.

"Мо имкон пайдо кардем, ки ҷасади бегонаро баргардонем ва ҷасади бобоямонро орем. Мо аз пизишкон шикояте надорем, аз вазорати тандурустӣ ҳам. Фақат дархостамон аз пайвандони фавтидагон ин аст, ки пеш аз гирифтани ҷасади майитҳояшон онҳоро шиносоӣ кунанд", - гуфт Иргебоева.

Дар Қирғизистон дар як рӯзи охир 967 ҳолати нави гирифторӣ ба СOVID-19 ва 46 ҳолати марг аз ин вабо сабт шудааст. Шумори умумии гирифторон дар он кишвар ба 30 ҳазору 326 ва шумори фавтидагон ба 1169 расидааст.

XS
SM
MD
LG