Ссылки доступа

Туркманистон ба таҷлили Рӯзи истиқлол ва Бетарафӣ омода мешавад


Мақомоти Туркманистон ба таҷлили бошукуҳи Рӯзи истиқлол ва 25-солагии Бетарафӣ омода мешаванд.

Туркманистон сарфи назар аз паҳншавии вабои COVID-19 дар саросари дунё ва тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба таҷлили ин ҷашнҳо омодагӣ мебинад.

Дар он кишвар аз моҳи март ба тараф, аз замони густариши бештар пайдо кардани коронавирус дар тамоми дунё Наврӯз, Рӯзи сиҳатӣ, Рӯзи аспи туркманӣ, Рӯзи ғалаба, Рӯзи дучарха ва зодрӯзи президентро таҷлил карданд.

Ба иттилои як манбаъ, ҳукумати Туркманистон ба чорабиниҳои оммавӣ омода мешавад. Дастур шудааст, ки 25-солагии Бетарафии Туркманистон махсус таҷлил шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои манобеи мустақил, дар Туркманистон шумори бемороне афзоиш ёфтааст, ки ба мубталоёни коронавирус шабоҳат доранд.

XS
SM
MD
LG