Ссылки доступа

Лукашенко талаби аз Белорус рондани хабарнигорони BBC ва Радиои Озодиро дорад


Александр Лукашенко, президенти Белорус дар як ҷаласа талаб кард, рӯзноманигороне аз кишвараш берун карда шаванд, ки "ба бетартибиҳои оммавӣ даъват мекунанд".

Дар рафти ҷаласа, ки рӯзи 23 июл баргузор шуд, Лукашенко борҳо аз матн берун рафта, аз фаъолияти дастгоҳи президент, сухангӯи президент ва раиси Шӯрои Ҷумҳурӣ изҳори тааҷҷуб кард. Вай гуфт, мансабдорон бояд рӯйдодҳои кишвар ва хориҷро ба мардум дурусттар фаҳмонанд.

"Мо соҳибони ин кишвар ҳастем. Вазифҳои худро иҷро кунед. Наметавонед - ошкоро бигӯед, ки наметавонед. Дигарон ба ин кор машғул мешаванд. Дар ҳукумат ва ҳам дар вазорати корҳои хориҷӣ мунтазир мешаванд, ки президент дастур диҳад. Ин чи муносибат аст? ВВС, Радиои Озодӣ ва дигарон. Онҳо ба бетартибии оммавӣ даъват мекунанд. Чаро шумо инро таҳаммул мекунед? Шумо онҳоро сабти ном кардаед", - гуфт Лукашенко.

Вай талаб кард, ки чораҷӯӣ шавад ва то охири маъракаи интихоботӣ мунтазир намонанд. "Ихроҷ кунед, агар қонунҳои моро риоя намекунанд ва мардумро ба "майдонҳо" даъват мекунанд", - гуфт вай.

Дар Белорус маъракаи интихоботи президентӣ ҷараён дорад. Александр Лукашенко бори шашум аст, ки ба мақоми президентӣ номзад мешавад. Рақибони асосии вай аз маъака маҳрум шуданд. Дар кишвар эътирози мухолифон ва эътирозҳои худҷӯш баргузор мешавад. Ширкатдорони эътирозҳо ва рӯзноманигороне боздошт мешаванд, ки эътирозҳоро инъикос мекунанд.

Ахиран бештар аз 200 рӯзноманигор аз мақомот ва ниҳодҳои қудратии Белорус талаб карданд, ки таъқиби расонаҳо қатъ шавад. Дар ду моҳи маъракаи интихоботӣ даҳҳо рӯзноманигор, аз ҷумла хабарнигори бахши белорусии Радиои Озодӣ барои инъикоси эътирозҳо боздошт шуданд.

Интихоботи президентӣ дар Белорус рӯзи 9 август баргузор мешавад. Комисияи марказии интихоботӣ 5 номзад, аз ҷумла Александр Лукашенкоро сабти ном кард.

XS
SM
MD
LG