Ссылки доступа

Роҳбари Андиҷон дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон 500 долларӣ тақдим кард


Шуҳрат Абдураҳмонов, раиси вилояти Андиҷони Узбекистон рӯзи 20 июл ба рӯзноманигороне, ки дар нишасти хабарӣ ширкат доштанд, 5 миллион сӯмӣ ($500) тақдим кард.

Аз ҳукумати вилоят гуфтанд, ки ин маблағ "туҳфаи раис" ба ҷашни касбии рӯзноманигорон рабт дорад. Ҷашни касбии рӯзномнигорон дар Узбекистон моҳе пеш таҷлил шуд. Раиси Андиҷон пештар аз ин ба футболбозон, пахтачинон, шоирон ва раққосаҳо ҳам маблағу мошин тақдим карда буд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ суол гузоштанд, ки мансабдорон аз кадом ҳисоб ба дигарон туҳфаҳои гарон тақдим мекунанд. Раиси Андиҷон дар гузашта гуфта буд, ки "туҳфаро ба ҳар каси пешомада тақдим намекунад, балкӣ ба мардуми худ тақдим мекунад". Вале вай нагуфт, ки манбаи даромадаш кадом аст.

XS
SM
MD
LG