Ссылки доступа

Бо ҷаримаҳои "Шаҳри бехатар" дар Қирғизистон мошини ёрии таъҷилӣ мехаранд


Сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов ба Бунёди суғуртаи ҳатмии тиббӣ дастур дод, ки санадҳои лозимиро барои харидани мошинҳои ёрии таъҷилӣ омода кунад.

Қарор аст, дар Қирғизистон бо қариби 1,9 миллион доллари ИМА чанд адад мошини ёрии таъҷилӣ харидорӣ шавад.

Мошинҳои ёрии таъҷилӣ аз ҳисоби ҷаримаҳои дурбинҳои назоратии "Шаҳри бехатар" харидорӣ мешаванд.

Ҳанӯз соли гузашта мақомоти Қирғизистон хабар дода буданд, ки қисме аз маблағҳои аз ҳисоби ҷаримаҳои "Шаҳри бехатар" ҷамъшударо дар соҳаи тандурустӣ сарф хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG