Ссылки доступа

Мирзиёев ба тамдиди маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19 ризоият дод


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ризоият дод, ки маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус дар кишвараш тамдид карда шаванд.

Ризоияти президенти Узбекистон рӯзи 23 июл дар як ҷаласаи маҷозии ниҳодҳои ҳукуматаш садо додааст.

Мирзиёев гуфтааст, барои манъи паҳншавии вируси корона бояд чораҳои карантин риоя шаванд. Вале ҳанӯз дақиқ нест, ки карантин дар он кишвар то кай давом мекунад.

Пештар гуфта мешуд, ки дар Узбекистон то 1 августи соли ҷорӣ маҳдудиятҳои марбут ба паҳншавии вируси корона амал мекунанд.

Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи рӯзи 23 июл ҳамзамон гуфтааст, ҳамаи табибоне, ки дар мубориза зидди вируси корона ширкат доранд, қадр карда хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG