Ссылки доступа

Пентагон наздикшавии ҳавопаймои ҷангиашро ба ҳавопаймои мусофирбари эронӣ тасдиқ кард


Вазорати мудофиаи ИМА тасдиқ кард, ки як ҳавопаймои ҷангии F-15-и амрикоӣ ба ҳавопаймои мусофирбари эронии Mahan Air дар осмони Сурия наздик шудааст.

Ба иттилои намояндаи Пентагон, неруҳои ҳавоии амрикоӣ ҳавопаймои эрониро аз зоҳир тафтиш кардаанд.

Низомиҳои амиркоӣ мегӯянд, ҳавопаймои F-15 дар фосилаи бехатар аз ҳавопаймои эронӣ қарор дошт.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, ки дар натиҷаи наздикшавии ҳавопаймои амрикоӣ халабонҳои эронӣ маҷбур шудаанд, ки якбора сатҳи ҳавопайморо тағйир диҳанд. Дар натиҷа чанд мусофири ҳавопаймои эронӣ маҷруҳ шудаанд. Ҳавопаймо ниҳоят бидуни нуқс ба замин нишаст.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, чораҳои ҳуқуқиву сиёсӣ хоҳад андешид.

ИМА ва Исроил ширкати Mahan Air-ро дар интиқоли аслиҳа ба ҷиҳодиёни Сурия ва дигар кишварҳо айбдор мекунанд. Соли 2011 ИМА зидди ин ширкат таҳрим ҷорӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG