Ссылки доступа

Чин ба бастани як консулгарии амрикоӣ амр дод


Чин ба бастани консулгарии амрикоӣ дар ҷанубуғарби ин кишвар амр дод.

Чин гуфт, ки амр додааст дар посух ба басташавии консулгариаш дар Ҳюстони Техас ҳафтаи ҷорӣ, консулгарии Амрико дар шаҳри Ченгдуи Чин баста мешавад. Вазорати хориҷаи Чин рӯзи 24 июл гуфт, ки амри басташавии консулгарӣ содир шудааст. Чин ин амалро “як иқдори қонуниву зарурӣ дар вокуниш ба тадбирҳои бедалели ИМА” номидааст.

Баъди тасмими бастани консулгарии Чин дар Ҳюстон, ки рӯзи 21 июл эълон шуд, равобити Вашингтон ва Пекин пуртаниш шудааст. Рӯзи 23 июл котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз муттафиқони ИМА даъват кард, ки дар муқобили ормонҳои ҷоҳталабонаи ҳизби коммунистии Чин истодагарӣ кунанд ва афзуд, ки ҳамкориҳо бо Пекин дар давоми даҳсолаҳо натавонист интизорот дар заминаи бунёди як ҷомеаи демократии Чинро бароварда кунад.

XS
SM
MD
LG