Ссылки доступа

Азимҷон Аскарови дар зиндони Қирғизистон фавтидаро дар Узбекистон дафн мекунанд


Азимҷон Аскаров, ҳомии ҳуқуқи қирғизистонӣ, ки дар зиндон фавтид, дар Узбекистон дафн хоҳад шуд.

Дар ин бора роҳбари созмони ҷамъиятии "Бир дуйно - Қирғизистон" Толекан Исмоилова хабар дод.

Ба гуфтаи вай, натиҷаи колбадшикофии Аскаров имрӯз, 27 июл дақиқ мешавад, баъдан ҷасад ба Хадича Аскарова, ҳамсари ҳомии ҳуқуқ таслим мегардад. Хадича Аскарова тасмим дорад, ки охирин васияти шавҳарашро ба иҷро расонад ва ӯро дар Узбекистон ба хок супорад.

"Аскаров дар яке аз охирин мулоқотҳо ба ҳамсараш гуфтааст, ки худро бад ҳис мекунад ва дар сурати фавт ӯро дар Узбекистон дафн кунанд", - гуфт Исмоилова.

Хонум Исмоилова афзуд, тасмим дорад, ҳукумати Қирғизистонро дар робита ба марги ҳомии ҳуқуқ ба додгоҳ кашад. Вай гуфт, дар зиндонҳои Қирғизистон шумори касоне зиёд аст, ки бидуни айбе адои ҳукм мекунанд.

Азимҷон Аскарови 69-сола рӯзи 25 июл дар зиндон вафот кард. Додгоҳ ӯро ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда буд.

Ӯро дар ташкили беназмиҳо дар ҳодисаҳои моҳи июн дар Қирғизистон айбдор карда буданд. Қаблан созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз Қирғизистон озодии Аскаровро талаб карданд.

Азимҷон Аскаров, ки дар муассисаи ислоҳии №19 адои ҷазо мекард, рӯзи 24 июл бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бинои тиббии муассиса интиқол ёфтааст.

Қаблан Валерян Ваҳитов, вакили дифои Аскаров, хабар дода буд, ки зерҳимояаш шадидан бемор аст. Даниил Кислов, муассиси нашрияи “Фарғона” ҳам аз ҳомиёни ҳуқуқ даъват карда буд, ки аз президенти кишвар ва мақомоти муассисаҳои ислоҳотӣ раҳоии ӯро талаб кунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, 22 июл, вакили дифои Азимҷон Аскаров, бо ӯ дар зиндон мулоқот кардаву аз вазъи бади сиҳатии Аскаров хабар дода буд. Ба гуфтаи Валерян Ваҳитов, Азимҷон Аскаров, мустақилона роҳ рафта наметавонист ва ӯро нигаҳбонҳои зиндон ба назди вакилаш оварданд. Зимни мулоқот ба гуфтаи вакили дифоъ, зерҳимояаш месулфид ва тавони сӯҳбат кардан надошт.

Рӯзи 21 июл, намояндагони идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ба аёдати Азимҷон Аскаров рафтанд. Онҳо ҳам гуфтанд, ки ҳомии ҳуқуқ таби баланд дошт.

Азимҷон Аскаров дар ноҳияи Бозоркоргони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон зиндагӣ ва ба ҳайси як ҳомии ҳуқуқ кор мекард. Баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 ӯро дар ташкили беназмиҳо ва ширкат дар куштори як ходими милиса айбдор карданд. Бар асоси қарори ҳама зинаҳои додгоҳӣ ӯ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

30 июли соли 2019 парвандаи ӯ бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ бозбинӣ шуд, вале додгоҳи вилояти Чуй озод кардани ҳомии ҳуқуқро рад кард. Додгоҳӣ олӣ ҳам 13 майи соли 2020 ин қарорро бетағйир монд.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ соли 2016 дар хулосаҳои худ оид ба қазияи Аскаров гуфт, ки ӯ дар зиндон шиканҷа ва аз ҳуқуқи дастраси ба кӯмаки тиббӣ ва адолати судӣ маҳрум шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ҳомиёни ҳуқуқ моҳи феврали соли ҷорӣ аз риоя нашудани қарори СММ аз ҷониби ҳукумати Қирғизистон ба додгоҳи Бишкек шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG