Ссылки доступа

Сабти 1494 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар як рӯз дар Қазоқистон


Дар Қазоқистон дар як рӯзи гузашта 1494 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси коронав сабт шудааст. Дар ин бора вазорати тандурустии он кишвар хабар дод.

Шумори умумии гирифторӣ ба вируси корона дар Қазоқистон ба 81 ҳазору 720 ҳолат расидааст. Қазоқистон дар рӯйхати кишварҳои дорои бештарин гирифторони вируси корона баъд аз Чин ҷо гирифт. Дар Чин рӯзи шанбе шумори умумии гирифторон ба 86 ҳазору 281 тан расид.

Мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ки дар кишвар 610 кас аз вируси корона фавтидааст.

XS
SM
MD
LG