Ссылки доступа

Фаъолони Турманистон барои сабти фавтидагони COVID-19 дар кишвар сомона роҳандозӣ карданд


Фаъолони туркманистонӣ сомонае таъсис доданд, ки дар он маълумот дар бораи қурбониёни COVID-19-ро дар Туркманистон нашр мекунанд.

Дар ин сомона омори ғайрирасмӣ дар бораи шумори фавтидагон, ному насаби онҳо, суроға ва дигар маълумот нашр мешавад.

Ин сомона аз сӯи туркманистониҳое таъсис шуд, ки дар дохили Туркманистон ва хориҷ аз он зиндагӣ доранд. Дар сомона айни замон ному насаби 18 шаҳрванди Туркманистон нашр ва қурбониёни вируси корона унвон шудаанд.

Ҳукумати Туркманистон мегӯяд, дар кишвар ҳеч ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт нашудааст. Дар ҳоле, ки расонаҳои мустақил аз маргу мир аз вируси корона дар кишвар ба такрор хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG