Ссылки доступа

Гумонбари дуздӣ ва хушунати ҷинсии як кӯдак дар Қазоқистон боздошт шуд


Сокини 62-солаи шаҳри Сатпаеви Қазоқистон, ки дар рабудан ва таҷовуз кардани кӯдаки панҷсола гумонбар аст, боздошт шуд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, додгоҳ ӯро рӯзи 26 июл барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ҷустуҷӯи ин мард шаби 24 июл боиси занозанӣ ва бетартибиҳо шуд.

Пештар аз ин ВКД Қазоқистон гуфт, ки вайронкунандагони тартибот муайян ва ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Шаби 24 июл бештар аз 100 сокини шаҳри Сатпаев баъид шунидани хабари рабудан ва таҷовуз шудани кӯдаки панҷсола ба кӯча баромада, даст ба бетартибӣ заданд. Як аз ҷамъшудаҳо шишаи хонаи марди гумонбарро шикаст ва дигарон аз пулис талаб карданд, ки марди гумонбарро ба ихтиёри онҳо супоранд.

XS
SM
MD
LG