Ссылки доступа

Олмон нахост, Русия ба G8 баргардад


Олмон нахост, ки Русия ба "Ҳаштгонаи бузург" ё G8 баргардад.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Олмон Хайко Маас иттилоъ дод. Вай гуфт, барои баргаштани Русия ба G8, Москва бояд масъалаи Қрими ғасбшударо ҳаллу фасл кунад ва ба вазъи шарқи Украина таъсир расонад. Маас ёдовар шуд, ки Русия дар соли 2014 маҳз барои ҳамин аз "Ҳаштгонаи бузург" ихроҷ карда буданд ва ҳоло ин ҷаласа дар шакли G7 баргузор мешавад.

Пештар аз ин Доналд Трамп, президенти ИМА гуфта буд, ки даъвати Владимир Путин, президенти Русия ба саммити G7 оқилона аст. Ба гуфтаи Трамп, тақрибан нисфе аз мавзуҳои мулоқоти G7-ро бояд бо ширкати Русия баррасӣ кард. Аммо ширкатдорони дигари G7 аз ақидаи Трамп ҷонибдорӣ накарданд.

Владимир Путин, президенти Русия гуфта буд, ки мухолифи баргаштан ба "Ҳаштгонаи бузург" нест.

Дар клуби байналхалқии G7 Бритониё, Олмон, Канада, Фаронса, ИМА ва Ҷопон шомил ҳастанд. Русия дар соли 1997 ба ин созмон пайваст. Баъди ғасби Қрим дар соли 2014 аз сӯи Русия ва низоъ дар шарқи Украина Москва аз иштирок дар ин созмон маҳрум шуд.

XS
SM
MD
LG