Ссылки доступа

Ба узбекистониҳо иҷозат доданд, тавассути ширкатҳои сайёҳӣ аз Русия ба ватан баргарданд


Комисияи махсуси Узбекистон дар умури мубориза бо коронавирус иҷозат дод, ки шаҳрвандони кишвар тавассути ширкатҳои сайёҳӣ аз хориҷ ба ватан баргарданд.

Навруз Ашурматов, сухангӯи вазорати нақлиёти Узбекистон гуфт, айни замон танҳо парвозҳои тиҷорӣ аз Русия ба Узбекистон ба роҳ монда шудааст.

Ба гуфтаи вай, мусофироне, ки бо парвозҳои тиҷорӣ ба Тошканд бармегарданд, аз фурудгоҳ ба меҳмонхона бурда мешаванд.

Дар меҳмонхона 14 рӯз ба карантин гирифта мешаванд. Вазорати нақлиёти Узбекистон гуфт, нахустин чунин парвоз рӯзи 23 июл ба роҳ монда шуда буд.

Вазорати хориҷаи Узбекистон пештар гуфта буд, ки наздики 100 ҳазор узбекистонӣ хоҳони аз Русия ба ватан баргаштан ҳастанд.

XS
SM
MD
LG