Ссылки доступа

Дар Нурсултон саҳмдорони сохтмони манзил гирдиҳамоӣ карданд


Рӯзи 27 июл дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон даҳҳо саҳмдори сохтмони манзили баландошёнае бо талаби ба истифода додани сохтмон гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Ба гуфтаи талабкорон, ширкати сохтмонӣ ҳанӯз дар соли 2010 ваъда карда буд, ки сохтмон давоми як сол ба истифода дода мешавад.

"Бархеҳо 50 дарсади арзиши манзилро пардохтаанд, бархеҳои дигар 100 дарсадро. Бархеҳо дар орзуи хонаи нав мурданд. Мо дар хонаи иҷора зиндагӣ дорем. Баҳор ҳокими шаҳр ваъда карда буд, ки бино ба истифода дода мешавад. Аммо имрӯз ки мо ба талаб баромадем, ҳокими шаҳр ба ҳузури мо наомад", - гуфт Акбантик Койшибайқизӣ, яке аз талабкорон.

Ширкати сохтмонии ASI, ки сокинони Нурсултон аз он талаби ба истифода додани биноро доранд, ҳозир нашуд ба суоли хабарнигорон посух диҳад.

XS
SM
MD
LG