Ссылки доступа

Зиёндидагони рахнаи сарбанди обанбор дар Узбекистон наметавонанд, ҷуброни президентиро дарёфт кунанд


Наздики панҷоҳ тан аз сокинони аз рахнаи садди обанбори Сардоба зиёндидаи маҳаллаи "Дӯстлик"-и ноҳияи Сардобаи Узбекистон наметавонанд, ҷуброни ваъдагии президентиро дарёфт кунанд.

Манзили ин сокинон ба далели зиён дидан аз рахнаи обанбор тахриб шуда буданд. Айни замон сокинони мазкур дар манзилҳое истиқомат доранд, ки барои зиёндидагон ҷудо шуда буданд. Баъди муроҷиати батакрор чанде аз сокинон ҷуброни 40 миллионсӯмии ваъдагиро қисман дарёфт карданд.

Орзу Ахмедова, ки айни замон дар бинои боғчаи кӯдакон истиқомат дорад, мегӯяд, манзили вай ва чаҳор бародараш баъди обхезӣ комилан тахриб карда шуданд.

Ин зан мегӯяд, сарфи назар аз ин ки рахнаи садди обанбор 1 май рух дод, то кунун ҷуброни ваъдагӣ дар ҳаҷми 40 миллион сӯм (наздики 4 ҳазор доллари ИМА)-ро дарёфт накардааст.

Дар мақомоти ноҳияи Сардобаи Узбекистон гуфтанд, ки аз мушкили сокинон иттилоъ доранд.

"Мо мехоҳем, ба ин сокинон дар биноҳои баландошёна манзил диҳем. Як мушкили дигар ин аст, ки ҳуҷҷатҳои бархе аз сокинон дуруст нест, иштибоҳ доранд. Аз ҳамин хотир, манзилҳои сохтаи бархе аз сокинон ғайриқонунӣ унвон шуданд. Биноан ба онҳо ҷуброн дода намешавад", - гуфт як намояндаи ноҳияи Сардоба.

Ба иттилои расмӣ, роҳбарияти Узбекистон барои пардохти ҷуброн ба 4025 соҳибмулк дар вилояти Сирдарё фармон содир кардааст, ки аз рахнаи садди обанбор зиён дидаанд.

XS
SM
MD
LG