Ссылки доступа

Алайҳи як гурӯҳ мансабдорони "Агроинвестбонк" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати як гурӯҳ аз масъулони "Агроинвестбонк" парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Ин афрод ба он муттаҳам мешаванд, ки дар додани қарзҳо ба "қонуншиканӣ" роҳ додаанд. Ному насаби ин афрод то ба ҳол эълон нашудааст ва маълум нест, ки худи онҳо дар ин робита чӣ назар доранд.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 28-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳаҷми ин маблағҳои қарзӣ 391 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ин Оҷонсӣ, дар баробари масъулони ин бонк, алайҳи намояндагони бархе аз ширкатҳо, ки аз "Агроинвестбонк" қарз гирифтаанд, низ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Масъулони Оҷонсӣ шумораи афродеро, ки алайҳи онҳо парванда боз шудааст зикр накарданд ва танҳо гуфтанд, ки дар ин бора баъдан маълумот хоҳанд кард.

Соли гузашта низ Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо дастури Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ дар "Агроинвестбонк" тафтиш гузаронда, даҳҳо миллион сомонӣ зарарро ошкор карда буд.

Зимнан, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соли 2018 Муродалӣ Алимардонов, раиси "Агроинвестбонк"-ро бозпурсӣ карда буд.

"Агроинвестбонк" тақрибан панҷ сол боз бо бӯҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 730 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад.

XS
SM
MD
LG