Ссылки доступа

ИМА ва Русия се рӯзи музокироти назорати аслиҳаи ҳастаиро шурӯъ мекунанд


Дар шаҳри Вена рӯзи 28 июл музокироти серӯзаи миёни мақомоти ИМА ва Русия шурӯъ мешавад, ки мавзӯи назорати силоҳҳои ҳастаиро дар меҳвар қарор додааст.

Давоми даври аввали музокирот ИМА ва Русия созиши охирини назорати силоҳро баррасӣ карданд, ки соли 2010 имзо шуда, Паймони нави стратегии силоҳ (ваё New start) ном дорад. Ин созиш шумори кулоҳакҳои ҳастаии дар ихтиёри ҳар кишвар бударо танзим мекунад.

Дар паи музокироти авали 22 то 23 июн дар Вена фиристодаи вижаи президенти ИМА оид ба назорати силоҳ Маршалл Биллингсли дар нишасти матбуотие гуфт, ки ӯву муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков дар заминаи таъсиси гурӯҳҳои бисёрсамтаи фаннӣ ба пешрафте даст ёфтанд ва изҳои умедворӣ кард, ки он барои дастёбӣ ба созиши нави ҷойгузини New start дар моҳи феврал заминагузор мешавад.

Рӯзе аз ин пеш ду ҷониб муколамае дар заминаи амнияти коинотро баргузор карданд, ки аввалин бор баъди соли 2013 баргузор шуд. ИМА пешниҳод кард, ки қоидаҳои рафтори бодалел дар кайҳон эҷод шавад, ки битавонад ҳамчун модели қоидаҳои ҷанг бар асоси принсипи таносуб ва инсоният амал бикунад.

XS
SM
MD
LG