Ссылки доступа

Gallup: Болотарин эътимод ба ИМА дар дунё дар Туркманистон сабт шудааст


Дар соли гузашта болотарин эътимод ба ИМА дар саросари дунё дар Туркманистон сабт шудааст.

Бино ба гузориши ахири маркази пажуҳишии Gallup, эътимод ба ҳукумати ИМА дар Туркманистон нисбати ба соли 2018 32 банд боло рафта ва дар соли 2019 ба 62 дарсад расидааст.

Рӯйхати "Роҳбарони дунё"-ро, ки маркази Gallup таъсис додааст, аз соли 2007 ба ин тараф пажуҳиш ва дар он сатҳи эътимод ба ҳукуматҳои чаҳор кишвари бузургтарини дунё: ИМА, Русия, Олмон ва Чин андозагирӣ мешавад.

Дар рӯйхати нав, мисли ду соли пеш, Олмон бо садри аъзамаш Ангела Меркел дар садр қарор дорад. Аз 135 кишвари дунё 44 дарсади пурсидашудаҳо ба Олмон изҳори эътимод кардаанд.

ИМА бо 33 дарсад дар мақоми дувум қарор гирифтааст. 32 дарсади дигар ба Чин ва 30 дарсад ба Русия эътимод доштаанд.

Дар гузориши маркази пажуҳишӣ гуфта нашудааст, ки далели эътимоди болои туркманистониҳо нисбати ИМА дар чист. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Туркманистон гоҳу ногоҳ тарғиботи зидди ИМА ба роҳ монда мешавад.

XS
SM
MD
LG