Ссылки доступа

Қирғизистон тасмим дорад, аз моҳи август бо 4 кишвар парвоз барқарор кунад


Қирғизистон тасмим дорад, сар аз 1 август парвозҳоро бо 4 кишвар барқарор кунад. Дар ин бора мудири Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Қирғизистон Қурмонбек Акишев хабар дод.

Вай афзуд, айни замон гуфтугӯҳо идома доранд.

"Ҳафтаи гузашта тасмим шуд, ки парвозҳо бо Русия, Туркия, Қазоқистон ва Имороти муттаҳидаи арабӣ барқарор шаванд. Мо тасмим дорем, аз 1 август барқарор кунем, аммо ҳама чиз аз вазъи ин кишварҳо вобаста аст. Барои мисол, мумкин аст, бо Русия натавонем, аз 1 август парвоз барқарор кунем. Мо ҳанӯз посух дарёфт накардаем. Туркия зоҳиран розӣ шудааст, вале қарори ниҳоӣ ҳанӯз дар даст нест, гуфтугӯҳо идома доранд. Аз ду кишвари дигар ҳам ҳоло посухи дақиқе дарёфт нашудааст", - гуфт Акишев.

Парвозҳои доимии Қирғизистон бо кишварҳои хориҷ дар миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи густариши вируси корона қатъ шуданд.

XS
SM
MD
LG