Ссылки доступа

Сарвазири пешини Малайзия зиндонӣ шуд. Вай гуфт, амволи гаронбаҳоро домоди қазоқистониаш туҳфа кардааст


Додгоҳе дар Малайзия сарвазири пешини ин кишвар Наҷиб Разакро бо айби фасодкорӣ ва ғорати дороиҳои давлатӣ 12 сол зиндонӣ кард.

Додгоҳ рӯзи 28 июл сарвазири пешинро дар баромадан аз ҳадди салоҳиятҳо, сӯистифода аз мақом ва пулшӯӣ айбдор донист. Мақомдорони пешини Малайзия ҳамчунин вазифадор шуд, ки 49,3 миллион доллар ҷарима пардозад. Додгоҳ Наҷиб Разакро то ба иҷро даромадани ҳукм дар озодӣ гузошт.

Наҷиб Разак гуфт, ки дар дуздии дороиҳои бунёди 1MDB даст надорад. Ин бунёд соли 2009 аз сӯи Разак бо ҳадафи суръат бахшидани рушди иқтисоди Малайзия таъсис шудааст. Парвандаи Разак ба ҷалби 10 миллион доллари давлатӣ ба бунёди мазкур рабт дорад.

Муфаттишон мегӯянд, ҳадди ақал 4,5 миллиард доллар тавассути ширкати 1MDB дуздида ва бо роҳҳои пулшӯӣ аз худ шудаанд.

Наҷиб Разак дар соли 2018 гуфта буд, қариб 300 қуттии ҷавоҳирот, ки аз хонаи вай пайдо шуд, туҳфаи домоди қазоқистониаш Дониёр Назарбоев ҳастанд. Дониёр Назарбоев ба хонаводаи Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон пайвандӣ дорад.

XS
SM
MD
LG