Ссылки доступа

Дар Москва бештар аз 800 занро дар боздоштгоҳи мардона ҷо карданд


Дар шаҳри Москваи Русия бештар аз 800 занро баъди оташсӯзӣ дар боздоштгоҳи занона ба боздоштгоҳи мардона бурданд.

Ба гуфтаи роҳбари тарҳи ҳифзи ҳуқуқи Gulagunet Владимир Осечкин, "занонро бидуни ашёи шахсӣ ва васоили беҳдоштӣ бурдаанд". Ба ҷуз ин, бо интиқоли занон боздоштгоҳи мардона пур шуда, ҷойи хоб боқӣ намондааст. "Дар чанд рӯзи оянда ҳазорон одам имкони хоб рафтан нахоҳанд дошт", - гуфт Осечкин.

Алексей Мелников, котиби масъули Комисияи назоратии ҷамъиятӣ дар навбати худ гуфт, ки занон "шикояте надоранд". Вай ҳамзамон ваъда дод, дар рӯзҳои наздик занони боздоштшуда дубора ба боздоштгоҳи занона оварда хоҳанд шуд.

Ахиран дар боздоштгоҳи занона дар ноҳияи Печатники Москва оташсӯзӣ рух дод. Ба иттилои расмӣ, касе дар ин оташсӯзӣ зиён надидааст.

XS
SM
MD
LG