Ссылки доступа

Эҳтимоли оташбаси серӯза дар Афғонистон. Дар ид ҳамла намекунанд?


Толибон ва ҳукумати Афғонистон гуфтанд, ки ба хотири Иди Қурбон, ки рӯзи 31-уми июл таҷлил мешавад, оташбаси серӯза эълон мекунанд.

Айни замон Амрико саъй дорад, ки музокироти ба таъхируфтодаи байнулафғонӣ ҳарчӣ зудтар оғоз ёбад.

Гуруҳи Толибон рӯзи 28-уми июл бо нашри як баёния гуфт: “Ҳамаи муҷоҳидон (яъне ҷангҷӯёни Толиб) дастур гирифтаанд, дар се рӯзу шаби Ид ба зидди душман ҳеч амалиёт анҷом надиҳанд.”

Вале гуфтаанд, Толибон агар касе ба онҳо ҳамла кунад, “қотеона ҷавоб гардонанд.”

Ҳукумати Афғонистон гуфт, ки ба нерӯҳои амниятӣ амр додааст, ки оташбасро риоят кунанд. Эълони мазкур дар замонест, ки Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон саъй дорад, зимни сафараш ба Покистон, Афғонистон ва Қатар, ки Толибон онҷо дафтари сиёсӣ доранд, гуфтугӯҳои сулҳро эҳё кунад.

Амрико ва Толибон моҳи феврал созише имзо карданд, ки ҳадафи он ҳамвор кардани роҳ барои гуфтугӯҳои мустақими байни ин гуруҳи ифротӣ ва ҳукумати Кобул ва ҳамингуна хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон аст.

Бо вуҷуди онки Толибон ҳамлаҳо ба зидди сарбозони Амрикову НАТО-ро бас карданд, тақрибан ҳар рӯз ба сарбозони афғон ҳамла мекунанд. Як мушкили аслӣ дар роҳи музокирот байни ду тараф таъхир дар табодули асирон будааст

XS
SM
MD
LG