Ссылки доступа

Зидди сокини Бишкек барои видеое, ки дар он мақомотро интиқод кард, парванда боз шуд


Зидди сокини шаҳри Бишкек Элдиёр Жолдошев барои видеое, ки дар он мақомоти Қирғизистонро шадидан интиқод кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Жолдошев дар он видео ба ҳамагир шудани коронавирус дар Қирғизистон мақомоти ин кишварро ҷавобгар номидааст.

Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфтанд, зидди сокини шаҳри Бишкек бо банди ангехтани бадбинии миллӣ, нажодӣ, минтақавӣ ва динӣ парванда боз кардаанд ва суханҳои ӯ ташхиси забоншиносӣ мешаванд.

Худи Жолдошев мегӯяд, қонуншикание накардааст. "Ин ҳама дар соли 2020 рух медиҳад. Агар дар берун соли 1937 ҳам мебуд, суханҳоямро бозпас намегирифтам ва узр ҳам намепурсидам. Вале имрӯз хабардор шудам, ки аз ҳисоби кормандони Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ ва Оҷонси мубориза бо ҷиноятҳои молӣ гуруҳи байниидоравие ташкил шудааст ва ҳадафи он пайдо кардани маводе зидди ман ё наздиконам аст. Онҳо мехоҳанд, бо ҳар роҳ маро маҷбур созанд, ки узр пурсам", - афзуд сокини Бишкек.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Қирғизистон Боқид Сейитов гуфт, пулис вазифадор аст, ки ба чунин изҳоротҳо баҳои ҳуқуқӣ диҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин қазия "касеро барои изҳори назараш дар Интернет ба бозпурсӣ даъват накардаанд" ва таҳқирро бояд аз танқид фарқ кард.

XS
SM
MD
LG