Ссылки доступа

Сокини Тошканд мехост, тифли семоҳаашро $5 ҳазор фурӯшад


Кормандони пулиси шаҳри Тошканди Ӯзбекистон зани 21-солаеро боздошт карданд, ки мехост тифли семоҳаи худро бар ивази 5 ҳазор доллар фурӯшад.

Ба огаҳии Раёсати умури дохилии Тошканд, зане ба пулис хабар додааст, ки сокини пойтахти Ӯзбекистон Н.Ф. тифли навзодашро фурӯхтанист.

Дар натиҷа Н. Ф. ва ҳамхонааш А.З.-и 24-соларо ҳангоми гирифтани маблағ бар ивази кӯдак дастгир карданд.

Тамоми маводи ҷамъоваришуда барои таҳқиқ ба додситонии ноҳияи Юнусободи Тошканд фиристода шудааст.

XS
SM
MD
LG