Ссылки доступа

Боздошти 7 шаҳрванди Тоҷикистон дар Петербург: "Мехостанд ба ДИ пайванданд"


Дар шаҳри Санкт-Петербург 7 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд, ки гӯиё мехостанд Русияро ба қасди Сурия тарк карда, ба гуруҳи террористӣ пайванданд.

Дар ин бора сомонаи spbdnevnik.ru бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дода, навишт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон қасди пайвастан ба гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ)-ро доштанд.

Муҳоҷирони тоҷик гӯиё пеш аз тарки Русия мехостанд, як қатор ҳамлаҳоро ба кормандони Вазорати умури дохилии ин кишвар ва Росгвардия тавассути силоҳҳои сард анҷом диҳанд.

Зидди яке аз боздоштшудаҳо бо номи Идибек Комилов бо банди мусоидат дар амали террористӣ тариқи сармоягузорӣ парванда боз шудааст. Ба иттилои тафтишот, ӯ ҷонибдори фаъоли ДИ аст. Комилов гӯиё тавассути паёмакрасони Телеграм ҳамватани худ Нурмуҳаммад Нурматовро барои рафтан ба Сурия розӣ ва пули билеташро равон кардааст. Дар натиҷаи Нурматов бо роҳнамоии ӯ нахуст ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия рафтааст.

Комилов дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳи чанд тоҷикистонии дигар зиндагӣ дошт, ки мехостанд Русияро тарк кунанд. Ба гуфтаи масъулони Вазорати умури дохилии Русия, "онҳо барои анҷоми ҳамлаи комёб дунболи ҳадафи муносиб мегаштанд".

Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) ахиран навори видеоиеро намоиш дод, ки дар он амалиёти вижаи боздошти гурӯҳи ҳафтнафараи мардон дида мешавад. Дар хабари ФСБ гуфта мешавад, ки ин нафарон “шаҳрвардони яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ” ва ҷонибдори гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” мебошанду “нақшаи куштори низомиёни рус ва кормандони сохторҳои ҳифзи қонун”-ро доштанд. Тасдиқи дурустии ин иттиҳом тавассути манобеи мустақил, ҳамонгуна, ки шиносоии нафарони боздоштшуда феълан имкон надорад. Ҳамчунин маълум нест, ки то куҷо ин нафарон иттиҳоми ФСБ-ро эътироф мекунанд ва ба ҳангоми боздошт ба вакили дифоъ дастрасӣ доштанд ё на.

XS
SM
MD
LG