Ссылки доступа

Дар остонаи интихобот дар Тоҷикистон маошу нафақаро 15% боло мебаранд


Файзиддин Каххорзода, министр финансов Таджикистана на пресс-конференции 29 июля 2020

Дар ҳоле ки Тоҷикистон дар замони пандемияи коронавирус бо камбуди буҷа рӯбарӯст, ҳукумат тасмим гирифтааст, ки маоши кормандони идораҳои давлатӣ ва нафақаву стипендияро аз 1-уми сентябр, дар остонаи интихоботи президентӣ, то 15 дарсад афзоиш диҳад. Интизор меравад, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ моҳи ноябри имсол баргузор шавад.

Кормандони баъзе аз идораҳо мегӯянд, дар давраи пандемия нархи маҳсулот дар бозорҳо ба таври чашмрас боло рафт ва афзоиши маошу нафақа қарори дуруст аст. Нигаронии коршиносон аз он аст, ки мақомот буҷаро чӣ гуна пур хоҳанд кард, вале вазири молияи Тоҷикистон гуфт, "мо дар буҷа ин маблағҳоро пешбинӣ кардаем".

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 29-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки тарҳи фармони афзоиши маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ ва нафақаву стипендия омода шудааст ва қарор аст, аз 1-уми сентябри имсол иҷро шавад.

"Матни фармони раиси ҷумҳур ба идораҳои кишвар барои омӯзиш фиристода шудааст. Бо вуҷуди хуруҷи бемории COVID-19 дар Тоҷикистон ва мушкили молиявӣ мо имкони афзоиши маош ва нафақаро дар ихтиёр дорем", -- афзуд вазир, аммо шарҳ надод, ки аз кадом ҳисоб.

Бори охир мизони маошу нафақаҳо дар Тоҷикистон ду сол қабл - моҳи сентябри соли 2018 то понздаҳ дарсад боло бурда шуда буд

Баъзе аз кормандони соҳаҳои буҷавӣ чунин афзоиши маоши худро дар шароити хуруҷи бемории COVID-19 нокофӣ медонанд. Раҷабалӣ Шайхов, омӯзгор аз ноҳияи Восеъ, мегӯяд, чунин афзоиши маош дар зиндагиаш тақрибан бетаъсир хоҳад буд. "Агар ҳазор сомонӣ маош дошта бошӣ, 150 сомонӣ зиёд мешавад. Як халта орд 230-240 сомонӣ шудааст", -- мегӯяд ин сокини Восеъ.

Бештаре аз кормандони бахши буҷавӣ ба ин назаранд, ки даромади аслии онҳо аз маоши кори асосиашон нест. Онҳо маъмулан ба кори изофӣ ё кишоварзиву чорвопарварӣ машғул мешаванд. Нуриддин Норов, омӯзгор аз шаҳри Душанбе мегӯяд, фарзандони муҳоҷираш ба ӯ кумак мекунанд, то чархи зиндагиашро гардон кунад.

Умед Давлатов, корманди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзуъ ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан аз аввали имсол нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон бамаротиб боло рафтааст, аммо ба эътиқоди ӯ, “ин амр ғайричашмдошт ва дар пайи ҳангомаи мардум аз бемории COVID-19 сурат гирифта буд”.

“Бояд таъкид кунам, ки дар се соли ахир дар маҷмуъ маоши кормандони буҷавӣ ва нафақа то 35 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар аввали имсол мардум аз тарси хуруҷи бемории COVID-19 ба харидани маводи ғизоӣ пардохтанд ва нархи он якбора боло рафт. Чунин вазъ дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон мушоҳида мешуд ва он ғайричашмдошт буд. Ҳукумати Тоҷикистон тавонист дар фурсати кӯтоҳ вазъ дар бозорҳоро ба эътидол дароварад", -- афзуд вай.

Ҳафтае пеш Радиои Озодӣ дар саҳифааш дар Ютуб пурсиши ғайрирасмиеро анҷом дод, ки барои зиндагӣ дар Тоҷикистон чанд пул кофӣ аст. Аз 31 ҳазор нафаре, ки дар пурсиш ширкат карданд, 85 дарсад ба ин назаранд, ки бо се ҳазор сомонӣ метавон зиндагии хубе дошт.

Ҳашт дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, бо ду ҳазор сомонӣ метавонанд зиндагии осудае дошта бошанд, ду дарсади дигар аз 700 то 1000 сомониро кофӣ донистаанд. Танҳо 3 дарсад аз иштирокдорон бовар доранд, мешавад бо 400 сомонӣ зист.

Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ ва маоши миёнаи кормандони буҷавӣ баробари ҳазор сомонӣ аст.

XS
SM
MD
LG