Ссылки доступа

1472 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус дар Қазоқистон


Дар Қазоқистон давоми як шабонарӯзи ахир 1 472 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Ҳолатҳои нав аз ҳама бештар дар шаҳрҳои Нурсултон(216), Алмато (208) ва вилояти Қазоқистони Шарқӣ (211) ошкор гаштааст. Дар вилояти Қарағанда 107 бемор ва дар вилоятҳои дигари ин кишвар то 100 бемори навро ба қайд гирифтаанд.

Шумори умумии мубталоён дар Қазоқистон то ба имрӯз ба 87 664 расидааст, ки нисбат ба нишондодҳои Чин бештар аст. Ҳаминтариқ Қазоқистон аз рӯи нишондоди мазкур 26-умин кишваре гашт, ки шумори зиёди мубталоён ба коронавирусро доранд. Дар Чин аз аввали шуюи коронавирус расман 87 457 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ва 4 664 фавт бар асари он ба қайд гирифта шудааст.

Шумори умумии фавтидаҳо дар Қазоқистон ба 793 расид. Ба ин омор садҳо мубталои дигари вирус, ки комиссияи давлати сабаби марги онҳоро бемориҳои дигар номиданд, шомил нашудааст.

XS
SM
MD
LG