Ссылки доступа

Дар Туркия шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадор шуданд, бо дархости мақомот навиштаҳоро ҳазф кунанд


Порлумони Туркия лоиҳаи қонунеро дар бораи назорати шабакаҳои иҷтимоӣ қабул кард, ки аз он ҳизби ҳоким ҷонибдорӣ мекунад.

Қонуни нав шабакаҳои иҷтимоии хориҷӣ дар Туркияро вазифадор мекунад, ки бо дархости мақомот дар давоми 48 соат матлабро ҳазф, маълумоти шахсии корбаронро дар серверҳои дохилии ин кишвар ҳифз ва дар сурати доштани беш аз 1 миллион корбари турк намояндагии худро дар Туркия боз кунанд. Ҳамчунин рақамҳое, ки тавассути онҳо мешавад бо корбар тамос гирифт, бояд дар сомона ошкор бошанд.

Дар ҳолати иҷро накардани ин талабот шабакаҳои иҷтимоӣ то 1,5 миллион доллар ҷарима хоҳанд шуд. Пештар ҳаҷми ҷаримаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия то 100 ҳазор лири туркӣ, даҳ баробар камтар буд.

Намояндагони Ҳизби ҳокими адолат ва рушди Туркия лоиҳаи қонунро баъди он таҳия ва пешниҳод карданд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби танқидӣ дар бораи президенти ин кишвар Раҷаб Эрдуғон, хонаводаи ӯ ва ҷонибдоронаш афзоиш ёфт. Муаллифон яке аз ҳадафҳои асосии қабули ин қонунро пешгирӣ аз паҳн шудани иттилои дуруғ дар рафти амалиёти зиддитеррористӣ ё ҳамагир шудани коронавирус меноманд.

Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Туркия, давоми моҳҳои ахир дар ин кишвар 229 кас барои навиштаҳои "ҳангомасозашон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG