Ссылки доступа

Нигин аз омадани Толибон метарсад, вале ноумед нест (гулчин)


Расонаҳои минтақа ҳақ доранд, аз матлабҳо ба сурати комил ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён шакли аслии наворҳо фиристода мешаванд.

- Нигин аз омадани Толибон метарсад, вале ноумед нест. Нигин Афшор мототсиклрони 16-сола аз Афғонистон умедвор аст, ки барои духтарони дигар намунаи ибрат мешавад. Аммо ӯ ва мураббиҳояш аз бозгашти Толибон нигаронанд, ки зидди машқу варзиш ва кори занон ҳастанд. (видео)

- Коронавирус ба урдӯгоҳҳои паноҳандагони Сурия расид. Бо расидани короновирус ба баъзе аз урдугоҳҳои паноҳандагон дар Сурия ин нигаронӣ бештар мешавад ки мумкин аст маргу мир дар миёни ин мардуми осебпазир зиёд шавад. Гузориши Ҳезер Мардок аз Садои Амрикоро Тоҳири Сафар тақдим мекунад. (видео)

- Чи гуна сокини Бишкек тавонист дар давраи ҳамагир шудани коронавирус тиҷораташро ба роҳ монад. (видеои Настоящее время)

- Эрон розӣ шуд, барои сарнагун сохтани ҳавопаймои Украина ҷуброн пардозад. (видеои Настоящее время)

- Осиё: COVID-19 ва қудрат. Чор мақоми баландпояи Ӯзбекистон ба коронавирус мубтало ҳастанд. СҶТ дар шуюи коронавирус ҷавононро айбдор мекунад. Президенти Туркманистон дар пасманзари манъи равуо ба рухсатӣ рафт. ИМА: вазъи қочоқи инсон дар Қазоқистон бадтар шудааст. (видеои Настоящее время)​

- Азимҷон Аскаров кӣ буд? ҳомии ҳуқуқи маҳкум ба ҳабси абад Азимҷон Аскаров, ки дар зиндони Қирғизистон фавтид ва дар Ӯзбекистон дафн шуд, кӣ буд? (видеои Настоящее время)

- «Минтақаи хатарнок» дар беморхонаҳои Қирғизистон. (видео)

- Дар қабристонҳои Туркманистон шумори қабрҳои нав меафзояд. (видео)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG