Ссылки доступа

Трамп соли гузашта ним миллиард доллар даромад доштааст


Дональд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трам эъломияи андози худро нашр кард. Ӯ соли гузашта 446 миллион доллар даромад доштааст.

Эъломияи Трампро сомонаи Бюро оид ба масоили ахлоқии назди ҳукумати ИМА нашр кард. Манбаи асосии даромади ӯ дар соли гузашта қароргоҳ дар Мар-а-Лаго (иёлати Флорида), осоишгоҳ дар Майамӣ ва меҳмонсарои Trump International дар Вашингтон будааст. Трамп ҳамчунин аз ҳисоби Иттиҳоди ҳунармандони синамои ИМА ва фурӯши китобаш бо номи "Санъати созиш" даромад ба даст меорад.

Додгоҳи олии ИМА ибтидои моҳи июл қарор кард, ки эъломияи андози нуҳсолаи Трамп ба додситонҳо пешниҳод шавад. Маълумот дар бораи даромадҳои президенти ИМА ба Конгресс ироа намешавад.

Якбора се кумитаи Конгресс зидди Трамп шикоят ва аз ӯ ошкор кардани маълумоти молияшро талаб карда буданд. Вале Додгоҳи олии ИМА талаби қонунгузорҳоро рад карда, ҳалли масъаларо дар ихтиёри зинаи поёнии додгоҳ вогузошт. Ин ба он маъност, ки Конгресс пеш аз интихоботи президентии ИМА дар моҳи ноябри соли равон бо эъломияи андози Трамп шинос нахоҳад шуд.

Трамп соли 2015, ҳангоми пешбарии номзадияш ба мақоми президентии ИМА дороии худро 8 миллиарду 800 миллион доллар арзёбӣ карда буд. Вале маҷаллаи Forbes навишт, ки дороии Трамп ду баробар камтар аст.

Forbes моҳи апрели соли равон дороии Трампро 2 миллиарду 1 миллион доллар арзёбӣ кард, ки назар ба нишондоди моҳи октябри соли 2019 як миллиард камтар мебошад.

XS
SM
MD
LG