Ссылки доступа

Раҳимзода гуфт, Тоҷикистон раҳбари як гуруҳи мухолифини Эронро боздошт накардааст


Джамшид Шармахд

Вазири умури дохилии Тоҷикистон хабари гӯё дар Душабе боздошт шудани Ҷамшед Шормаҳд, раҳбари як гуруҳи мухолифини Эронро рад кард.

Рамазон Раҳимзода рӯзи 3-юми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, "мо ин хабарро аз расонаҳо шунидем" ва афзуд, "Тоҷикистон Ҷамшед Шормаҳдро на дастгир кардааст ва на ба Эрон интиқол додааст.

Рӯзномаи "Ҷавон", марбут ба "Сипоҳи посдорон", ду рӯз пеш навишт, ки Ҷамшед Шормаҳд рӯзи 31-уми июл дар Тоҷикистон боздошт ва баъдан ба Эрон фиристода шуд. Ҷамшед Шормаҳд раҳбари гуруҳи "Тундар" аст, ки мақомоти Эрон ӯро ба терроризм ва таркишу куштор гумонбар медонанд.

Шуморе аз хабаргузориҳо навиштанд, ки гузориши рӯзномаи марбут ба "Сипоҳи посдорон" метавонад нишони рабудани Шормаҳд тавасути нерӯҳои амниятӣ ё ҳамкории давлати Тоҷикистон дар таҳвил додани ӯ ба нерӯҳои Вазорати иттилооти Эрон бошад.

Вазорати иттилоот (амният)-и Эрон хабари расонаҳои он кишварро дар мавриди боздошти Ҷамшед Шормаҳд дар Тоҷикистон ва сипас интиқоли ӯ ба Эрон рад кард.

Дафтари матбуоти Вазорати иттилооти Эрон рӯзи 2-юми август бо радди хабари расонаҳо дар бораи боздошти Ҷамшед Шормаҳд, раҳбари гуруҳи "Тундар" дар Тоҷикистон гуфт, ки "ҳар гуна маълумоти расмӣ аз тариқи Равобити умумии вазорат мунташир мешавад".

Дар баёнияи дафтари матбуоти Вазорати иттилотии Эрон омадааст, ки "ҳар гуна гумонзаниҳои матраҳшуда дар расонаҳо дар бораи шеваи боздошти Ҷамшед Шормаҳд такзиб мешавад". Вазорати иттилооти Эрон ҳамчунин ба хабарҳо дар бораи боздошти раҳбари гурӯҳи "Тундар" дар Тоҷикистон ишора карда ва гуфтааст, ки "ин хабарро шадидан рад мекунад".

Ҷамшед Шормаҳд, раҳбари гуруҳи “Тундар” дар Лос Анҷелоси Амрико зиндагӣ мекард ва маълум нест, ки ӯ чӣ тавр дар Эрон пайдо шуд. Аз моҳи март ба ин тараф барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ миёни кишварҳо баста аст. Дар ин шароит ин мухолифи низоми Ҷумҳурии исломии Эрон дар куҷо ва дар чӣ шароите боздошт шудааст, ҳанӯз саволи бепосух аст.

Миёни Эрону Тоҷикистон низ ҳанӯз парвозҳо ба роҳ монда нашудааст.

Маҳмуд Алавӣ, Вазири иттилоти Эрон иддао кард, ки Ҷамшед Шормаҳд "аз ҷониби Исроил ва Амрико" пуштибонӣ мешуд. Чунин иддаои Эрон ҳамеша аз ҷониби кишварҳое, ки мавриди хитоб қарор доранд, рад шудааст.

Вазорати Иттилооти Эрон 31-уми июл дар хабарномае эълом кард, ки Ҷамшед Шормаҳдро дар пайи амалиёти печида "боздошт кардааст". Дар баёния Вазорати иттилоот ишорае ба наҳваи боздошти Шормаҳд нашуда буд ва рӯзи гузашта гумонзаниҳое дар бораи эҳтимоли рабудани ӯ дар хориҷ аз кишвар матраҳ шуд.

Вазири иттилооти Ҷумҳурии исломӣ ҳамчунин ба нақли Ҷамшед Шормаҳд гуфт, ки ин нафар худро амн мепиндошт, вале намедонист, ки ҳамеша зери назари маъмурони амниятии Эрон қарор дорад.

Давлати Эрон дар ҷараёни боздошти Руҳулло Зам, ки дар Ироқ сурат гирифт низ таблиғоти густардаи дар бораи ҳимояти мақомоти амниятии Фаронса аз ин мутаҳам анҷом дод ва онро намоиши қудрати амниятии "Сипоҳ посдорон" донист. Рӯҳуллоҳ Зам, як фаъоли дигари эронӣ буд, ки дар Фаронса зиндагӣ мекард ва дар "Телеграм" сафҳаи пурбинанда дошт. Ӯ мақомоти Эронро интиқод мекард.

Телевизиони ҳукумати Эрон шаби шанбе дар гузориши кутоҳе Ҷамшед Шормаҳдро намоиш дод.

Дар ин навор Шормаҳд бидуни чашмбанд нишон дода шуд. Ӯ дар ин навор эътироф кард, ки дар ҷиноятҳое даст дорад. Эътирофе, ки ниҳодҳои ҳуқуқи башар борҳо аз он интиқод кардаанд ва гуфтаанд, ки боздоштшудаҳо зери фишору шиканҷа ба ҷиноятҳо "иқрор" мешаванд.

Ҷамшед Шормаҳди 65-сола пас аз Инқилоби исломии Эрон ба хориҷ рафт ва аз тариқи телевизони худаш зидди ҳукумати ин кишвар сӯҳбат мекард.

XS
SM
MD
LG