Ссылки доступа

Дар Қазоқистон занон барои кудакозорӣ ҳукми қатл талаб доранд


Ҳудуди 20 зан 3 август дар маркази шаҳри Нурсултон ҷамъ шуда, талаб карданд, ки барои озору азияти ҷинсии кӯдакон дар Қазоқистон ҳукми қатл пешбинӣ шавад.

Занон гуфтанд, шумори ин навъи ҷиноят дар Қазоқистон афзоиш ёфта, ҳукумат нисбат ба он "бетаваҷҷуҳӣ" мекунад. Ба гуфтаи ҷамъшудаҳо, ҷазое, ки ҳоло барои ҷинояти мазкур дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, "ба андозаи кофӣ сангин нест".

"Ман талаб мекунам, ки кӯдакозорҳо (педофилҳо) ба қатл маҳкум шаванд. Вақте кӯдаконро ҳимоят карда наметавонем, пулис ва нерӯҳои мусаллаҳ барои чӣ лозиманд? Агар вазъи равонии кӯдакон ва ҳаёти онҳоро ҳимоят карда наметавонем, пас ҳукумат барои чӣ лозим аст?", - изҳор дошт яке аз занон бо номи Молдир Сарсенбаева, ки модари панҷ фарзанд аст.

Бонувони норозии қазоқ ҳудуди ду соат ҷамъ шуда, талабҳои худро ба мақомот ироа карданд. Вазъро пулис назорат мекард. Намояндагони маъмурияти ноҳияи Есил ба назди занон рафта, гуфтанд, дар шаҳр карантини сахт ҷорӣ аст ва бояд пароканда шаванд.

XS
SM
MD
LG